Таҷлили Иди Ғалаба дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз, 8 майи соли 2014, дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бахшида ба муносибати 69-умин солгарди Иди Ғалаба маҷлиси ботантана баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва кормандони хадамот, инчунин раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҶТ Қудрат Қудратов иштирок намуданд. Сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев иброз дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рўзи ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил мекунанд. Зикр шуд, ки маҳз ба шарофати иттиҳоду ҳамбастагӣ, дўстиву рафоқат ва фидокориву заҳматҳои шабонарўзӣ дар солҳои Ҷанги ҷаҳонӣ ғалаба насиби халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ гардид. Қариб 300 ҳазор фарзандони бонангу номус ва шарафманди Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, аз онҳо 100 ҳазор нафараш дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гашт. Раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҶТ Қудрат Қудратов ҷавононро ба ватандўстиву ватанпарварӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи марзу бум даъват намуд. Дар ин бора аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






