Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 12.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав дар мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Ҳамин тариқ, аз миёни 9 нафар кадрҳои мақомоти прокуратура Мирзошариф Шарифзода, ки то ин вақт Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ буд, Прокурори шаҳри Душанбе таъин гардид. Сафаралӣ Мирзозода Муовини аввали прокурори пойтахт таъин карда шуд.Ҳамчунин прокурорҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Балҷувон, Вахш, Ҷиликул ва Тоҷикобод, Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, Прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд иваз карда шуданд.Нурилло Орипов Сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Саидхоҷа Мирзохоҷаев Сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд.Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Шуғнон, Қайроққум, Вахш ва Панҷ шахсони дигар таъин гардиданд.Музаффар Ҳотамов, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Нарзулло Соҳибов бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо хизмати софдилонаю содиқона талаб намуда, таъкид дошт, ки манфиатҳои давлату миллат дар ҳама ҳолат бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






