Талаботи тамғагузории маҳсулот кадом аст?
Душанбе, 8.05.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» ҷиҳати фаҳмонидани муҳтаво ва талаботи Регламенти техникии «Тамғагузории маҳсулоти хўрокворӣ» бо иштироки васеи истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ машварат доир гардид.
Мавриди зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду санади меъёрӣ-техникӣ, яъне Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Тамғагузории маҳсулоти хўрокворӣ» ва «Бехатарии бензин, сўзишвории дизелӣ ва мазут» тасдиқ шудаанд, ки тибқи муқаррарот мавриди амал қарор дода мешаванд.
Тавре ки аз маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин машварат зикр шуд, ки Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №42-ф аз 02 майи соли 2013 «Дар бораи Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014» таҳия шудааст.
Дар таҳияи Регламенти мазкур таҷрибаи давлатҳои иттиҳоди гумрукӣ ва талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо барои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо ба инобат гирифта шудаанд. Ҳуҷҷати мазкур барои воридкунандагону содироткунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ дар қисми тамғагузорӣ талаботи ҳатмиро муқаррар менамояд ва ба тамғагузории маҳсулоте, ки дар қаламрави ҶТ дар муомилот мебошанд, татбиқ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ин Регламенти техникӣ талаботро ба тамғагузории маҳсулоти хўрокворӣ, бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳое, ки истеъмолкунандаро барои гирифтани иттилоти дақиқ дар бораи маҳсулоти хўрокворӣ, ба иштибоҳ мебарад, муқаррар менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи «Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014» дар соли 2013 ғайр аз ин Регламент боз регламенти техники «Бехатарии масолеҳи сохтмонӣ» таҳия гардида, барои мувофиқагардонӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар айни замон лоиҳаи регламентҳои техникии «Бехатарии маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва сабзавот» ва «Бехатарии хўроки чорво ва иловагиҳои он» омода шуда, барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






