Тамдиди истифодаи ҳуҷҷатҳои ронандагии хориҷӣ дар Русия
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар бораи дароз кардани муҳлати фаъолият бо шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар хабар дод.
Мавриди зикр аст, ки қаблан қонунгузории Русия фаъолияти шаҳрвандони хориҷиро бо шаҳодатномаҳои ронандагии ғайрирусиягӣ манъ намуда буд, аммо бо сабаби он ки қисми бузурги ронандагон дар ин кишвар бо шаҳодатномаҳои хориҷӣ фаъолият менамоянд (яъне муҳоҷири корианд), муҳлати амали ин қонун аввал то 5 майи соли 2014 ва акнун то 1 июни соли 2015 мавқуф гузошта шуд.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдулло Қодирӣ иттилоъ дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






