Тантана бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар намояндагии ДДМ
Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар, Раъно Нусратуллозода). – Чанде пеш дар намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов воқеъ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 69 – солагии Рӯзи Ғалаба маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки ба он собиқадорони ҷанг, ҷанговарони интернатсионалист, намояндагони Сафорати Русия дар Тоҷикистон ва ғайра даъват шуда буданд.
Ректори намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав Абдулҳамид Нозимов зимни суханони табрикотиаш зикр намуд, ки кишвари мо ҳар сол моҳи май Рӯзи Ғалабаро ид мекунад. Ифтихор аз Ғалабаи бузург ва хотираи қаҳрамонони муҳорибаҳо дар хотири халқ абадӣ боқӣ мемонад. Зикр шуд, ки ҳамдиёрони мо ҳам ба Ғалабаи бузург саҳми худро гузоштаанд. Беш аз 250 ҳазор нафар тоҷикистониён зидди душмани қаттол ҳарбу зарб намуда, 49 нафар ҷанговарони тоҷик сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуданд. Дар ин ҷанг 90 ҳазор нафар ҳамдиёрони мо ҳалок гардиданд.
Сипас собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Олег Соболев ёддоштҳояшро дар бораи қаҳрамонии ҷанговарони шӯравӣ баён кард.
Дар анҷоми маҷлиси ботантана барномаи консертии донишҷӯёни донишгоҳ манзури ҳозирон гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






