Танзими раванди муҳоҷират дар 15 шаҳру ноҳияи пилотӣ
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷироне, ки ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.
Мутобиқи он 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, ки аз он шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ба давлатҳои хориҷи дуру наздик сафар менамоянд, ҳамчун пилотӣ интихоб гардид.
Бо назардошти он, ки шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатии кишварамон дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолияти кории муваққатиро ба анҷом мерасонанд, ба масъалаи будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат диққати ҷиддӣ дода шуд. Дар бисёри мавридҳо надоштани касбу ихтисос, надонистани забони хориҷӣ ва алалхусус, забони русӣ, расму оин ва тамаддуну фарҳанг, инчунин риоя накардани қонунгузории давлати қабулкунанда боиси дучор гардидани муҳоҷирони меҳнатӣ ба мушкилоти зиёд мегардад.
Бино ба иттилои Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад гузоштанд, ки фаъолияти низоми марказҳои таълимӣ ва литсейҳои касбию техникии ҷумҳуриявӣ ва пеш аз ҳама шаҳру ноҳияҳои пилотиро бо технологияҳои замонавӣ таҷҳизонида, таълими касбии шаҳрвандонро бо назардошти омӯзиши забони русӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати Федератсияи Русия ба роҳ монанд.
Аз ин хотир, Хадамоти муҳоҷират “Тартиби муайян намудани вазифаҳои сохторҳои зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ”-ро, барои амалӣ намудани нақшаҳо дар 15 шаҳру ноҳияи пилотӣ таҳия намуда, унвонии сохторҳои зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






