Ташрифи Муовини вазири кишоварзии Чин ба Тоҷикистон
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Рӯзҳои 14-15 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 2-юми ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ баргузор мегардад. Ҷиҳати иштирок дар ҷаласа ҳайати гурӯҳи кории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Зимни сафари мазкур вохӯрии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ню Дун бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири кишоварзии ҶТ Қосими Роҳбар дар назар аст. Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин аз корхонаҳои кишоварзии чинӣ боздид ба амал меорад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур дар доираи вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки баргузории он моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, доир мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






