Таъсиси барномаи «Волонтёрони Тоҷикистон» дар «Ҷаҳоннамо»
Душанбе, 13.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бо мақсади таблиғ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон дар доираи ҳамкории Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон бо шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» барномаи телевизионии «Волонтёрони Тоҷикистон» таъсис дода шуд.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, нахуст намоиши барномаи телевизионӣ 7 май пахш гардидааст, ки дар он роҳбари Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон иштирок намуда, роҷеъ ба зарурати таъсиси ассотсиатсия, ҳадаф, вазифаҳо ва самтҳои афзалиятнок, таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар самти волонтёрӣ, асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон суҳбат кардааст.Гуфта мешавад, ки хоҳишмандон барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ метавонанд маълумоти заруриро аз Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон дастрас намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






