Тоҷикистон аз рӯи теъдоди муҳоҷирон дар Тамбов мақоми чорумро касб мекунад

Май 14, 2014 10:56

Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина Пасторова). – 13 май дар Намояндагии Маркази илму фарҳанги Русия маросими муаррифии вилояти Тамбов, ки дар «Барномаи давлатии мусоидат ба муҳоҷирати ихтиёронаи ҳамватанон ба Федератсияи Русия» иштирок дорад, баргузор гардид.Дар маросими муаррифӣ роҳбарони минтақаҳои Тамбов – Сергей Манн аз ноҳияи Мордовский, Михаил Данилкин аз ноҳияи Никифировский иштирок намуданд. Роҳбарии ҳайати вилояти Тамбовро сардори Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят Михаил Филимонов ба уҳда дошт. Сардори шуъбаи татбиқи Барномаи давлатии Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Тамбов Светлана Каменева, ки ба шаҳри Душанбе омадааст, дар ҷараёни мулоқот ба ҳозирон хабар дод, ки дар давраи иҷрои Барномаи давлатӣ беш аз 3000 нафар ҳамватанон аз кишварҳои мухталифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои сукунати доимӣ ба вилояти Тамбов омадаанд.Ба гуфтаи Светлана Каменева, Тоҷикистон аз нигоҳи муҳоҷират ба вилояти Тамбов ҷойи чорумро ишғол менамояд. Тайи се соли охир аз Тоҷикистон 20 нафар корманди соҳаи тиб барои иқомати доимӣ ба ин ҷо омад.Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки вилояти Тамбов имконияти ҳар сол қабул намудани 700 нафар муҳоҷирро дорад.

Май 14, 2014 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд