Тоҷикистон мавриди назари таърихшиносони аврупоиву амрикоӣ

Май 12, 2014 15:43

Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Муаррифии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони фаронсавӣ  дар бинои Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърихи Белгия баргузор гардид. Китоб аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо ширкати иттилоотию консалтингии бонуфузи аврупоӣ «Биг Медиа Груп» бори аввал бо забони фаронсавӣ, 10 марти соли 2014 нашр шуда, аз ҳарду ҷилди китоби аслӣ ва аксҳои таърихи бостонии тоҷикон иборат аст.
Дар оғоз директори осорхона Эрик Губел ва ректори донишгоҳи Весалиус Берт Мосселманс зикр намуданд, ки нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони фаронсавӣ, ки аҳамияти амиқи илмӣ-таърихиро дорост, рӯйдоди муҳиме дар ҳаёти илмиву иҷтимоии Аврупо мебошад.
Профессори Донишгоҳи Гент Бруно Оверлет ҳамчун муҳаррири китоби мазкур ба ҳозирин дар бораи муҳтавои умумии китоб, ки таърихи тоҷиконро аз Ориён то Сомониён инъикос менамояд, маълумот пешниҳод кард.
Президенти ширкати «Биг Медиа Груп» Тию Кейперс таъриху фарҳанги бойи мардуми тоҷикро ба намояндагони доираҳои илмӣ шарҳ дода, иброз намуд, ки Тоҷикистон мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоб дошта, ҷолиби диққати сайёҳон, таърихшиносони аврупоиву амрикоӣ мебошад.
 
 

Май 12, 2014 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!