Вазъи санитарию экологӣ дар меҳвари ҷаласаи шаҳрдорӣ
Душанбе,13.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Вазъи санитарию экологии пойтахт дар фасли гармо, хусусан сари вақт баровардани партовҳо аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва ҷилавгирӣ аз хуруҷи ҳар гуна бемориҳои сироятӣ аз масъалаҳое буд, ки зимни баргузории ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ матраҳ гардид. Дар ин росто Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси шаҳри Душанбе ба масъулини соҳаҳои марбутаи пойтахт, бахусус сохторҳои назорати давлатӣ супориш додааст, ки ҳолати баровардани партовҳоро аз шаҳр дар соатҳои муайянгардида, инчунин коркарди санитарии нақлиёти партовкашро баъди бозгашташ аз партовгоҳ ба пойтахт таҳти назорат қарор диҳанд.
Вобаста ба беҳдошти вазъи санитарию экологии пойтахт раиси шаҳр аз сокинони пойтахт даъват ба амал овардааст, ки дар ин самт бетарафӣ зоҳир накарда, дар ҳолати ҷой доштани мушкилот вобаста ба вазъи санитарию экологии шаҳр тавассути сомонаи www.mometavonem.tj иттилоъ пешниҳод намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






