Викторинаи экологӣ дар дараи Варзоб
Душанбе, 13.05.2014 (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-11 майи соли ҷорӣ бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиат якҷоя бо хонандагони гимназияи махсуси Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар яке аз мавзеъҳои хушманзари ноҳияи Варзоб чорабинии экологӣ доир гардид.
Раиси кумита Хайрулло Ибодзода ба хонандагон барои иштирок дар ин чорабинии экологӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Дар омўзишу шарҳи масъалаҳои экологӣ хонандагон маҳорати хуб нишон дода, ба саволҳои викторина пурраю пурмазмун ҷавоб доданд. Иштирокчиёни фаъоли викторина бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Мақсади асосии чорабинӣ сайқал додани завқи насли наврас буда, он дараҷаи ватандўстиву маърифатнокии онҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист қавӣ мегардонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






