Вохӯрӣ бо коршиносони соҳаи китобдорӣ
Душанбе, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо намояндаи Маркази омӯзишии донишгоҳи Техаси ИМА Карим Марани ва намояндаи Институти Sintrgos Мирзо Каримов бо роҳбарият ва кормандони китобхона вохӯрӣ баргузор гардид. Тавре ки аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ оиди масъалаҳои омӯзиши фаъолияти китобхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва фаъолу пурсамар гардонидани фаъолияти китобхонаҳо сухан гуфтанд. Бояд зикр намуд, ки гузаронидани чунин вохӯриҳо бо коршиносони соҳаи китобдорӣ барои хубтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон самаранок хоҳад буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






