Вохӯрии кормандони ХМ бо сокинони Варзоб
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар ноҳияи Варзоб дар мавзӯи «Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва нововариҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия” вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират (ХМ) дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Бино ба иттилои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, дар вохӯрӣ аслан масъалаҳои навовариҳо дар самти қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия баррасӣ гаштанд. Ҳамарӯза кормандони ин раёсат ба муроҷиаткунандагон, ки азми сафари Русия доранд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ба ҳар яке аз онҳо ба тариқи ройгон 13 намуд буклети гуногун оид ба қонунгузории Федератсияи Русияро тақсим мекунанд. Ба иштирокчиёни ҷамъомад ҳамаи паҳлӯҳои қонуни будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар кишвари Русия фаҳмонида шуд.
Дар вохӯрӣ иштирокчиёни имкон доштанд, андешаҳояшонро дар мавриди мушкилоте, ки шаҳрвандони мо дар Русия дучор мегарданд, бобати надонистани забони русӣ, риоя накардани қонунҳои ин кишвар, надоштани корти муҳоҷиратӣ ва ғайра иброз намоянд.. Онҳо таъкид намуданд, ки пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ҳар шаҳрванди мамлакат бояд ҳатман забони давлати воридшударо донад ва аз қонунҳои он бархурдор бошад.
Дар вохӯрӣ беш аз 200 нафар сокини ин ноҳия иштирок намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






