Туризм дар ҷомеаи асосёфтаи Тоҷикистон

Июнь 9, 2014 11:17

Душанбе, 9.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бо дастгирии Оҷонсии ҳамкории техникӣ ва тараққиёт дар доираи амалӣ намудани Лоиҳаи рушди туризм дар Осиёи Миёна барои 2 соли оянда Барномаи рушд ва пешбарии мавзеъҳои тамошобоби сайёҳӣ ва дастгирии техникии як қатор корҳои дигари ин соҳа ба нақша гирифта шудааст. 
Таъсис ва устувории Асотсиатсияи туризм дар ҷомеаи асосёфтаи Тоҷикистон, бозомузӣ ва омодасозии соҳибкорони хурду миёнае, ки соҳаи туризмро пеш мебаранд, ташкили мизи мудаввар ҷиҳати созмон додани шабакаҳои нави туризм дар ҷомеаи асосёфта аз ҷумлаи ин чорабиниҳост. Зимни мизи мудаввар ҳамоҳангсозии фаъолияти субъекҳои хоҷагидори соҳаи туризм дар Тоҷикистон барои амалии лоиҳаи «Рушд ва пешбарии мавзеъҳои тамошобоби сайёҳӣ» баррасӣ шуда, роҳҳои нави ҳамкорӣ муайян мегарданд. 
Гуфта мешавад, ки мизи мудаввар вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 №301 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои самоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ мешавад.
 
 
 
 

Июнь 9, 2014 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад