Беш аз 35-дарсади аҳолӣ камбизоатанд
Душанбе , 25.07.2014. (АМИТ «Ховар», Суғдмеҳри Маъруфзод).-Тибқи иттилои Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар сатҳи оилаҳои камбизоат ба 35,6 дар сад рост меоянд. Ба гуфтаи Гулнора Ҳасанова директори Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , ин нишондод расмӣ буда , аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ низ эътироф гаштааст. Барои ҳамасола муайян намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мақомот фаъолиятеро ба роҳ мондааст, ки ин ҳам бошад, тадқиқоти буҷети хонавода, ки 3-ҳазор оила аз табақаҳои гуногунро дарбар мегирад иборат аст. Ёдовар мешавем, ки тибқи талабот оилае, ки дар он масрафи иқтисодии як шахс дар як моҳ аз 145 сомонӣ кам бошад,ҳамчун оилаи камбизоат шуморида мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






