Қитъаи замин ба муҳоҷирони Исфара ва Румӣ

Август 19, 2014 09:00

Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-   Дар шаҳри Исфара 50 оила ва дар ноҳияи Ҷ. Румӣ 20 оилаи муҳоҷироне, ки дар соли 2014 кўчонида мешаванд, бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардиданд.
Тавре ки аз Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва ноҳияи Ҷ. Румӣ рӯйхати муҳоҷирон барои гирифтани маблағи қарзи имтиёзнок унвонии Хадамоти муҳоҷират пешниҳод гардидааст ва рўзҳои наздик маблағгузории муҳоҷирон амалӣ мешавад.
Кўчонидани аҳолӣ аз деҳаҳои Чорсада ва Сари Пули ноҳияи Нуробод ба ноҳияи Рўдакӣ идома дошта, муҳоҷирон аз ҷониби Хадамот барои интиқол додани молу амволи рўзгорашон ба мавзеи нави зист бо нақлиёти боркаш таъмин гардида истодаанд.
Ҷараёни иҷрои ин қарор дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ таҳти назорат қарор дорад.
 

Август 19, 2014 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад