Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Алмазбек Атамбоев
Душанбе, 12.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Нимаю дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев мулоқот намуд.Зимни суҳбат масоили вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.Сарони ҳарду давлат ҳавасмандии худро ба ҳаллу фасли ҳарчи зудтари масоили баҳсноки марзӣ дар минтақаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвогарона таъкид доштанд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки дӯстию бародарии анъанавии мардумони тоҷику қирғиз ҳифз гардида, минбаъд низ ба нафъи ҳарду давлати ҳамсояи дорои манфиатҳои муштарак ва шароити ба ҳам наздик хизмат хоҳад кард.Ҳавасмандии ду ҷониб ҳамчунин ба рушди ҳамгироии минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва дигар бахшҳо, ки барои ҳурду кишвар аҳамияти стратегӣ доранд, таъйид гардид.Дар мулоқот ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои муносиботи минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯй сурат гирифт.Эмомалӣ Раҳмон аз Алмазбек Атамбоев даъват намуд, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват пазируфта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






