10 кг ҳашиш дар мошинҳои гуногунтамға
Душанбе, 23.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Мақомоти полис дар дидбонгоҳи доимии “Сурхоб”-и ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи мошини тамғаи “Opel Astra”, рақами давлатиаш ТҶ 61-15 АК 03 ба миқдори 3 килою 600 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира намуданд.
Мошини боздоштгардида ба сокини ҳамин ноҳия Маҳманазар Насимови 28-сола, ки пеш суд шудааст, тааллуқ дорад.
Ҳамчунин кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Маяковскии пойтахт шаҳрванд Айёмиддин Абдуллоеви 26 сола, ки муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аст, бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд.
Дар вақти азназаргузаронии мошини шахсиаш тамғаи “ Toyota Mark II ”, рақами давлатиаш ЕН 73-71 01 РТ аз дохили бағоҷи он 5 килою 148 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Дар кӯчаи Айнӣ шаҳрванд Собир Шомаҳмадови 33-сола, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир шуд. Зимни азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш аз дохили ҳаммом зиёда аз 2 кило маводи нашъадори ҳашиш дарёфт гардид.
Тайи ин ду рӯз, аз 21 то 23 октябр маводи нашъадори мусодирашуда дар маҷмӯъ 10 килою 826 граммро ташкил дод.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






