111 ҳазор $ мукофот барои ёфтани донишҷӯёни мексикоӣ
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии «Ҳамшаҳриком» шаби гузашта заминларзаи сахт 5,5 дараҷаи ҷадвали Рихтер дар ҷанубии Япония ба амал омад. Гуфта мешавад, ки такон хӯрдани қишри замин дар минтақаҳои Окинава, Кагосима ва ҷазираи Кюсю ба қайд гирифта шудааст. Дар бораи оқибатҳои харобиовари ин офати табиӣ ва ҳаҷми хисороти расида то кунун ягон маълумот нест.
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳавосанҷони Белгия аз эҳтимолияти фаро расидани як тӯфони мудҳиши харобиовар ҳушдор доданд. Мувофиқи иттилои расида, суръати тӯфон дар ибтидо 60 километр дар як соатро ташкил медиҳад. Аммо лаҳза ба лаҳза неруи он афзуда, суръати он то ба 100 километр дар як соат хоҳад расид. Дар робита ба ин мақомоти дахлдор ба сокинони минтақаҳои эҳтимолии офати табиӣ дастур додаанд, ки дар ҳолати омодабош қарор гиранд.
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи тирпарронӣ дар шаҳри Чикагои ИМА 3 нафар ба ҳалокат расида, 19 тани дигар ҷароҳати гуногун бардошт. Дар байни қурбониён як зани 18- сола низ ҳаст. Гуфтан ба маврид аст, ки дар як шабонарӯз дар Амрико 87 ҳодисаи тирпарронӣ рух медиҳад. Дар давоми як сол дар ИМА бар асари тирпарронӣ 30 ҳазор кас ҷони худро аз даст додааст.
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз Прокуратураи генералии Мексика ба ВАО кишвараш иттилоъ дод, ки вобаста ба муайян намудани тақдири донишҷӯёни бедаракгардидаи шаҳри Игуала ба маблағи 1,5 миллион песо, ки ба 111 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст, мукофотпулӣ муайян кард. Гуфта мешавад, ки 43 тан донишҷӯи шаҳри Игуала 26-уми сентябри соли равон бедарак шуда, аз онҳо то ҳол хабаре нест. Аз он замон ин ҷониб барои ҷустуҷӯи донишҷӯён ва бо мақсади ба эътидол овардани вазъият дар шаҳри Игуала назорат пурзӯр шудааст.
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои кормандони полиси шаҳри Ироқ шаби гузхашта ҷинояткорони номаълум муҳимоти таркандаро дар дохили як тарабхонаи шаҳри Мадиамаи қисми шарқии пойтахти кишвар инфиҷор додаанд. Бар асари ҳодиса 19 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар захмӣ гаштаанд. Бояд гуфт, ки аз зарбаи сахти таркиш биноҳои атроф ва чанд воситаи нақлиётии дигар хароб гардид. То кунун ягон фард ё гурӯҳи террористию ҷиноятпеша ҳодисаи мазкуро бар уҳда нагирифтааст.
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз дар ноҳияи Низомии пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку қатораи боркашонии ҳомили нафт аз роҳи оҳан берун шуд. Бояд гуфт, ки қатораи боркашонӣ аз Озарбойҷон ба Гурҷистон ҳаракат мекард. Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.








Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд






