Ғалабаи навбатии «Хайр»

Октябрь 23, 2014 12:06

Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар»). – 22  октябр  вохӯриҳои  мавқуф  гузошташудаи  даври  13  — уми  мусобиқоти  Тоҷикистон  оид ба  футбол  байни  дастаҳои  лигаи  олӣ баргузор  гардиданд. 
Тавре  ки  аз  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон хабар  доданд, дастаи  «Истиқлол» — и  шаҳри  Душанбе, ки  ҳанӯз  дар  даври   гузаштаи  мусобиқот  пеш  аз  мӯҳлат мақоми  аввалро   касб  намуд,  дар  шаҳри  Кӯлоб дастаи  «Равшан» — ро  бо  ҳисоби  2:1  мағлуб  сохт. 
Дар  вохӯрии  дигари  даври  13 – уми  мусобиқот  дастаи  «Хайр» — и  Ваҳдат дар  майдони  худ бо  ҳисоби  2:1  бар  дастаи  «Регар – ТадАЗ» — и  шаҳри  Турсунзода  пирӯз  шуд. 
Вохӯрии  байни  дастаҳои  «Вахш» ва  «Энергетик» баргузор  нашуда, дастаи «Энергетик» бо  ҳисоби 0:3мағлуб  дониста  шуд. 
Ёдовар  мешавем, ки  дастаи  «Вахш»  бо 10  хол  дар  ҷадвали  мусобиқот ҷойи  9 – умро  ишғол  менамояд. 

Октябрь 23, 2014 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад