Ғолибони «Дидор» муайян гардиданд
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода) Синамобазми шашуми байналмилалии «Дидор» дирӯз, 20-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар маросими пӯшидашавии «Дидор» синамогарони Осиёи марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон ширкат намуда, бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ шуданд.
Шоҳҷоизаи синамобазми «Дидор» ба филми «Имтиҳон» («Испытание»)-и коргардон Александр Котт аз Федератсияи Русия барои беҳтарин филми пурраметражи ҳунарӣ дода шуд. Мақоми дуввум насиби филми «Динола»-и коргардон Марям Хатчавали аз ҷумҳурии Гурҷистон барои беҳтарин филми кӯтоҳметражи ҳунарӣ гардид ва мақоми сеюмро филми «Қиссаҳои бачаи шӯхи беқарор»-и коргардонҳо Ҳодим Ҳусайн ва Вайс Санҷар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои ҷавонтарин коргардони филм касб кард. Инчунин Ҷоизаи махсуси дафтари СММ дар Тоҷикистон «Барои инъикоси ормонҳои башардустӣ» ба Саъдулло Раҳимов, арт-директори синамобазми байналмилалии «Дидор», ҷоизаи махсуси намояндагии «Россотрудничество» барои намоиши филми ҳуҷҷатии Владимир Ерофеев ба Сергей Каптерев ва ҷоизаи махсуси ширкати «Рухом» барои беҳтарин филми мустанад ба Аловуддин Абдуллоев аз Тоҷикистон тақдим гардид.
Синамобазми шашуми байналмилалии «Дидор» соли 2004-ум таъсис ёфта, имсол даври шашуми он ба бузургдошти 110- солагии Комил Ёрматов-асосгузори синамои Тоҷикистон ва Ўзбекистон бахшида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






