Қабули 25 санади меъёрии ҳуқуқӣ дар нӯҳ моҳ
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Дар нӯҳ моҳи соли 2014 ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 40 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид. Дар ин муддат 25 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, 3 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 8 лоиҳа дар мувофиқаи ниҳоии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
Бояд зикр кард, ки Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон 10 сентябри соли 2014 ба имзо расида, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои баррасӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






