Қадрдонӣ ва кумак ба 85 нафар сокини 90-солаи Душанбе
Душанбе, 18.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шаҳрдории Душанбе дар доираи ҷашни 90-солагии пойтахт ба 85 нафар сокини 90-солаи Душанбе кумаки якдафъаинаи молиявӣ расонд. Дар иртибот ба ин бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз буҷети шаҳр 161 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз ҷумла, ҳар кадоме аз 20 нафар сокини 90-солаи Душанбе, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанианд, бо 1500 сомонигӣ, инчунин 65 нафар сокини дигари 90-солаи пойтахт ва 66 нафар собиқ раисони шаҳр, муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳар кадоме бо 1000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






