Қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони дохилии Шўрообод
Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади инкишофи минбаъдаи хоҷагии халқ ва бо назардошти захираҳои зиёди меҳнатӣ ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирони дохилӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, мавзеи ҷойгиршавии маҳалли нави аҳолинишинро интихоб намуда, барои қабул ва ҷобаҷокунии муҳоҷирони дохилӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои онҳо тадбирҳои заруриро андешида истодаанд.
28-29 октябри соли 2014 бо иштироки кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 20 оилаи муҳоҷирони дохилии ноҳияи Шўрообод, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Обшорон» аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзии хоҷагии деҳқонии «Ватан» 0, 10 га. қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо шуд. Муҳоҷирон аллакай ба корҳои сохтмонӣ шуруъ намуданд.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, ба унвонии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 20 нафар сардорони муҳоҷирони дохилӣ барои ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок пешниҳод гардида, рӯзҳои наздик ба ҳамаи муҳоҷирони дохилӣ қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






