Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот меафзояд

Октябрь 22, 2014 14:57

Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Тайи 9  моҳи  соли  ҷорӣ дар  ҷумҳурӣ  ба  маблағи  7 миллиарду 80  миллиону 400 ҳазор  сомонӣ  маҳсулоти  саноатӣ  истеҳсол шуда,  ҳаҷми  тавлиди он  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли 2013 – ум 105,6  фоизро ташкил дод. Дар  ин  бора  аз  Агентии  омори  Президенти  ҶТ  ба   АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Мувофиқи  маълумоти   оморӣ,  дар  давраи  ҳисобот  аз ҷумлаи  1143  корхонаҳои  саноатӣ  184 тоашон  фаъолият  надоштанд, ки  ин  16  фоизи  шумораи   умумии  онҳоро ташкил  медиҳад.
Ҳамзамон  тайи  9  моҳи  соли  ҷорӣ  истихроҷи  ангишт,  маводи  сохтмонӣ, намаки ошӣ, ҳасиб,  маҳсулоти  ширӣ,  макарон ва  маснуоти  қаннодӣ,  пойафзоли  бачагона,  маводи  сухти  дизелӣ,  семент ва  маснуоти  фулузию   пластикӣ  афзуда, ҳамзамон истихроҷи   нафту  газ,  истеҳсоли  консерв,  панир,  меваи  хушк,    нахи  пахта,  оҳак,  тахтаҳои  мармарӣ ва  ғайра  коҳиш  ёфтааст.

Октябрь 22, 2014 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад