Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон дар Душанбе
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Имрӯз, дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон оғоз меёбад.
Тавре ки аз Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз роҳандозии ин иқдом тарғиби низоми таълими калонсолон, баррасии масоили рушди низоми таҳсилоти калонсолон дар системаи умумии маориф ва истифодаи самарабахши таҷрибаи пешқадами таҳсилоти дар кишварҳои дигар андӯхташудаи калонсолон аст.
Дар ҳошияи ҳафта, ки то 24 октябр идома меёбад, чорабиниҳои мухталиф аз қабили доир намудани ярмаркаи таҳсилотӣ дар бинои Маркази исмоилиён, муаррифии маҷаллаи «Таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон» Рӯзи таҳсилоти калонсолон дар Осорхонаи миллӣ ва роҳандозии мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамои рушди интихоби касб дар Тоҷикистон» мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






