Ҳам намоишгоҳу ҳам консерт
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). – Тавре ки аз Маркази фарҳанги «Бохтар» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 25 октябр соати 14.00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи асарҳои рассомони Аврупо бо истифода аз расмҳои хазинаи осорхона баргузор мегардад.
Назар ба иттилои манбаъ, шоми ҳамон рӯз дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерт бо истифода аз асарҳои бастакорони Аврупо дар иҷрои устодони санъати Тоҷикистон баргузор мешавад. «Ҳар ду чорабинӣ оғози Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон ба шумор мераванд, ки то 2 ноябр идома меёбад», — зикр намуданд дар Маркази фарҳанги «Бохтар».
Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Маркази фарҳанги «Бохтар» ва мушорикони он аз қабили IDEA, Намояндагии Швейтсария, Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, Beeline (Белайн) ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябр то 2 ноябр дар Тоҷикистон Ҳафтаи Аврупо оғоз меёбад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






