Ҳамкориҳо густариш меёбанд

Октябрь 28, 2014 14:19

Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-24 октябри соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бахшида ба ҷашни 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия — кафили рушди мақомоти гумруки Ҷумҳрии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид. 
Дар ҳамоиш ректори донишкада Ашӯрбой Солиев сухан гуфта, афзуд, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои Хадамоти гумрук мутахассисони баландпояро омода менамояд ва ҷамъомади имрӯза ҳам барои вусъати ҳамкориҳои дуҷониба заминаи воқеӣ мегузорад.
Зикр шуд, ки саҳми ин сохтор дар ғанигардонии буҷаи давлатӣ зиёд аст ва беш аз 40%-и буҷаи давлатро маҳз ҳамин сохтор ворид менамояд. 
Дар самти ҳамкориҳои дуҷониба бо ДМИТ зикр шуд, ки донишҷӯёни ихтисоси фаъолияти гумрукӣ метавонанд дар базаи Донишкадаи такмили ихтисоси мутахассисони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ доир ба истифодаи таҷҳизоти гумрукӣ дарсҳои амалӣ гузаранд.
 
 

Октябрь 28, 2014 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид