Ҳамкории рушди таҳсилоти Русия дар Тоҷикистон

Октябрь 28, 2014 14:17

Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи «Анҷоми Лоиҳаи гранти Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Русия (READ) — марҳалаи II дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои асосии соли аввали имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ» баргузор шуд.
Нишасти мазкур бо ташаббуси Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки ҷаҳонӣ созмон дода шуда, мақсади ҳамоиш муаррифии рушди таҳсилоти Русия- READ мебошад.
Дар конфронс Игор Семёнович Лякин- Фролов- Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, Патритсия Виверс- Картер- намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, директори Маркази байналмиллалӣ дар соҳаи рушди таҳсилот (CICED), директори иҷроияи шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»- Бунёди мадад дар Тоҷикистон,  намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади ҷорӣ намудани низоми нави имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҷумҳурӣ 28-уми июли соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва бонки ҷаҳонӣ Созишномаи Лоиҳаи гранти «Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Русия (READ)- марҳалаи II дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
Мақсади лоиҳаи гранти мазкур таҳкими иқтидори марказ барои ба таври устувор ҷорӣ намудани ИМД ва низоми тестгузаронии миллии арзёбии дониши хонандагон ва мувофиқат ба стандартҳои байналмилалӣ дар дурнамои дарозмуддат мебошад. 
Мавриди зикр аст, ки иштирокдорони конфронс дар мавзӯъҳои Лоиҳаи гранти «Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Русия дар Тоҷикистон», «Марҳалаҳои асосии ИМД-2014», «Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар доираи ИМД-2014»  ва дигар мавзӯъҳои марбута  сухан гуфтанд.

Октябрь 28, 2014 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд