Ҳамлаи роҳзанона ба маркази сӯхти «Умед — 88»
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Шаби 16 октябр якчанд нафар шахсони ниқобпӯш ба кормандони маркази маводи сӯхти «Умед — 88» воқеъ дар кӯчаи Шестопалови шаҳри Душанбе ҳамла оварданд.
Назар ба хабари ВКД ҶТ, шахсони гумонбар кормандони маркази мазкурро латукуб ва захмӣ намуда, шишаҳои бинои марказро шикаста вориди он шуда, беш аз 4 сомониро аз худ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Кормандони шуъбаи ВКД ноҳияи Синои пойтахт сокинони ноҳияи Ҳисор Фарҳод Абдуллоеви 23 — сола ва Баҳрулло Мустафоқулов, ҳамчунин Мурод Назарови 22 — сола, Сиёвуш Одилҷони 21 — сола ва сокини шаҳри Душанбе Эмомиддин Баҳодурови 22 — соларо бо гумонбари ин ҳамла сари вақт дастгир намуданд.
Алҳол кормандони милиса барои дастгир намудани шахсони дигари ба ин ҷиноят гумонбаршуда чора мебинанд.
Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






