Ҳамоиши байналмилалӣ дар Қатар
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар Қатар ҳамоиши байналмилалии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Халиҷи Форс, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Ҷануби Шарқӣ дар мавзӯи «Ҷилавгирии нашъамандӣ ва бехатарии маводи нашъаовар ва моддаҳои фалаҷкунандаи асаб», ки бо ибтикори Раёсати оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ роҳандозӣ шуда буд, корашро анҷом дод.
Назар ба хабари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, дар ҷараёни мулоқот вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Халиҷи Форс, Аврупои Ҷануби Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар минтақаҳои зикршуда, танзими фаъолияти хадамоти оид ба ҷилавгирии нашъаҷаллобӣ дар минтақаҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Ҳалим Маҳмудзода дар бораи муборизаи зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор сухан карда, пешниҳод намуд, ки барои ҷилавгирии қочоқи маводи мухаддир якҷоя мубориза бурда шавад. Намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа ин пешниҳодро пазируфтанд.
Ҳамоиши оянда дар шаҳри Теҳрон баргузор мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






