Ҳамоиши муборизони маводи нашъаовар

Октябрь 20, 2014 10:36

Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Чанде пеш дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар вохӯрии минтақавии кишварҳои халиҷи Форс, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Ҷанубу Шарқӣ дар мавзӯи “Пешгирии нашъамандӣ ва амният оид ба воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо”  баргузор гардид, ки онро раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ташкил намуд.
Дар кори он созмонҳои бонуфузи мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар, аз қабили GCC, САРИКС, REFLECS, СЕЛЕК ва GPS   иштирок намуданд. 
Дар вохӯрӣ масъалаҳои нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои халиҷи Форс, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказӣ дар мубориза ва пешгирии қочоқи маводи нашъаовар дар ин минтақаҳо, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ҳамаи хадамоти ин кишварҳо баррасӣ гардиданд. 
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласа муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар    Ҳ. Маҳмудзода иштирок ва оид ба мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, коркарди муштараки фаврӣ нисбат ба гурӯҳҳои фаромиллӣ бо кишварҳои минтақа пешниҳодот ворид намуд, ки онҳо аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои ҳамкорикунанда қабул гардиданд.
Вохӯрии  оянда дар шаҳри Теҳрон баргузор мешавад.
 
 

Октябрь 20, 2014 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд