Ҳамоиши прокуророни генералии давлатҳои узви СҲШ
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Прокурори генералии кишвар О. Ш. Салимзода дар ҷаласаи прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 8-уми октябри соли 2014 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Прокуророни генералии давлатҳои узви СҲШ дар бораи таҷрибаи назорати прокурорӣ бобати иҷрои қонунгузории ҳифзи табиат, қонунгузорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон табодули назар карданд.
Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳо роҳбарони прокуратураҳои генералӣ ба зарурати андешидани чораҳои муассир ҷиҳати ҳифз намудани муҳити атроф ва ҳифозати низоми экологӣ, пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайрисамараноки сарватҳои табиӣ эътимод ҳосил карда, бо дарки он ки субъектони фаъолияти соҳибкорӣ дар рушди иқтисоди бозорӣ, соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ, фаровонсозии бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва муқовиматпазир, ташкили ҷойҳои нави корӣ пеш аз ҳама барои ҷавонон ва дар ҳамин замина зиёд намудани даромад ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум саҳми босазо доранд, як зумра қарорҳо, аз ҷумла ҷиҳати доир намудани ҷаласаи навбатии прокуророни генералии давлатҳои узви СҲШ соли 2015 дар Ҷумҳурии Қазоқистонро ба имзо расониданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






