Ҳамоиши сиёсатмадорони ҷавон дар Душанбе

Октябрь 30, 2014 14:41

Душанбе, 30.10.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — 30 ва 31 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Клуби сиёсатмадорони ҷавони Аврупо ва Осиё баргузор мегардад. Тавре ки аз Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои узви ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа сиёсатмадорон, таърихшиносон, журналистон ва иҷтимоишиносони Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Арманистон, Беларусё Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд. Дар ҷаласа масоили мубрами байналмилалию минтақавӣ ва рушди илми муосири сиёсӣ мавриди муҳокима қарор мегирад. Дастгирии иттилоотию коршиносии равандҳои ҳамгироии Тоҷикистон ва стратегияи Чин дар фазои пасошӯравӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳоест, ки барои муҳокима пешниҳод шудаанд. Аз рӯи натиҷаи ҷаласаи клуб маърӯза дар мавзӯи «Масъалаи интихоби рушди Тоҷикистон» таҳия мегардад. Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи якуми клуб моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Остона ва ҷаласаи дуюми он дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон сурат гирифта буд. То охири соли 2014 доир намудани ҷаласаҳои клуб дар шаҳрҳои Минск ва Маскав дар назар аст.

Октябрь 30, 2014 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд