Ҳамоиши вакилони парлумон ва коршиносони ҷавони ИДМ
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар»). – Аз 23 то 25 октябр дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Русия аввалин ҳамоиши байнипарлумонии ҷавонон баргузор мешавад.
Тавре ки парлумони кишвар хабар медиҳад, ин чорабинӣ бо ибтикори Шӯрои байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ роҳандозӣ мешавад.
Аз ҷониби Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ дар ин чорабинӣ кормандони масъули дастгоҳи он Лоиқ Нусратов, Беҳрӯз Икромов ва Манижа Расулова иштирок менамоянд.
Мақсад аз ҳамоиш рушди ҳамкории байналмилалии ҷавонон ва парламентаризм, ҳамчунин дастгирии фаъолияти сиёсию шаҳрвандии ҷавонони Иттиҳод аст.
Дар кори ҳамоиш вакилони ҷавони парлумонҳои мухталиф, намояндагони мақомоти идораи сиёсати бахши ҷавонон, ҷунбишҳои ҷавонон ва созмонҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои машваратию намояндагии ҷавонони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ходимони ҷавони илм ва маорифу фарҳанги давлатҳои узви ИДМ иштирок менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






