Ҳавопаймои амрикоӣ суқут кард
Душанбе,30.10.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Аз сабаби боришоти пай дар пай дар Норвегия обхезии шадид ба амал омад. Гуфта мешавад, ки боришоти зиёд дар қисми ғарбии кишвар ба назар мерасад. Дар пайи омадани сел даҳҳо хонаи истиқоматӣ, 4 пули мошингард ва хатҳои интиқоли неруи барқ хароб гардиданд. Мутахассисони соҳаи мазкур хисороти расидаро ба даҳҳо миллион доллар нисбат медиҳанд.
Душанбе,30.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Ҳиндустон шаби гузашта сафинаи мусофиркашонӣ ба амвоҷи шадиди баҳри Бетули штати Гоаи қисми ғарбии Ҳиндустон бархӯрда, дучори фалокат шуда, 5 нафар ба ҳалокат расид. Хидматгузории сайёҳиро тавассути ин киштии хурд оҷонсии соҳавии «Капер Травел» бар уҳда дошт.
Душанбе,30.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз дар Вентураи штати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳавопаймои неруҳои низомӣ ба фалокат дучор омад. Дар вақти суқути ҳавопаймо сарнишини он ба ҳалокат расид. Бо мақсади муайян намудани сабабҳои суқути ҳавопаймо мутахассисони соҳа корҳои тафтишотӣ мебаранд.
Душанбе,30.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Роҳбари Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Жозе Мануэл Баррозо тасмими Британияи Кабирро дар хусуси даст кашидан аз зиёд намудани саҳми молии ин кишвар ба буҷаи Иттиҳоди Аврупо маҳкум кард. Ҳол он ки то 1- декабри соли ҷорӣ кишварҳои аъзои Иттиҳод бояд, ки саҳми молиявии худро ба буҷаи Иттиҳоди Аврупо муайян намоянд.
Душанбе,30.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Бонки Марказии Аврупо 25 бонки Иттиҳоди Аврупо ба талаботи фаъолияти дурусти бонкдорӣ ҷавобгӯ нестанд. Ба таъкиди кормандони Бонки мазкур дар вазъияти аз ҳама мушкили молиявӣ бонки итолиёвии «Монте Паски ди Сиена» қарор дорад. Гуфта мешавад, ки барои дуруст гардидани вазъи молии ин бонк 2 миллиарду 100 миллион евро зарур аст. Дар маҷмӯъ ба 13 бонки иттиҳод кумаки молӣ ба таври оҷилӣ дар ҳаҷми 10 миллиард евро зарур аст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






