Ҳукумат лоиҳаи қонуни Буҷети соли 2015-ро ба Парлумон ирсол кард
Душанбе,30.10.2014 (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015” -ум 29 октябр дар Маҷлиси Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, маъқул дониста шуда, ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба соли 2014-ум 1 миллиарду 377 миллион сомонӣ ё 10% зиёд аст. Таъкид шуд, ки Буҷети давлатӣ дар соли 2015 хусусияти иҷтимоии худро нигоҳ медорад, зеро беш аз 50% хароҷоти умумии он ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар нигаронида шудааст, ки дар қиёс ба соли равон 17% зиёд мебошад. Танҳо барои зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва стипендия беш аз 400 миллион сомонӣ равона мегардад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 мувофиқи дурнамо ба андозаи 52 миллиарду 821 миллион сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи воқеӣ 7,2%, меъёри таваррум 7,5% ва индекси дефилятор 6,3% ба нақша гирифта шудааст.
Хамзамон дар Маҷлиси Ҳукумат дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2015 ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 ва 2017 ба таври муфассал вазири молия Абдусалом Қурбонов гузориш дод. Дар муҳокимаи ин масъала ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирок намуданд. 9.27.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






