Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон

Октябрь 24, 2014 10:46

Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзҳои 28-29-уми октябри соли равон дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳо баҳри рушд баргузор мегардад. Дар кори ҷаласаи мазкур ҷониби  Тоҷикистонро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Назриев роҳбарӣ менамояд. Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон М. Неъматов иштирок мекунанд.
Дафтари матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон иттилоъ медиҳад, ки дар рафти ин ҷаласа самтҳои асосии ҳамкориҳои ҳар ду кишвар баҳри рушд барои солҳои 2015-2016 мавриди баррасӣ қарор мегиранд.  Ёдовар мешавем, ки Олмон то имрӯз дар доираи ҳамкориҳо баҳри рушд ба иқтисоди Тоҷикистон наздики 250 миллион евро кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ пешниҳод намудааст. 
Илм ва маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтор дар деҳот, рушди савдои байнимарзӣ, инчунин ҳифзи муҳити зист ва рушди соҳибкорӣ  ва ғайра аз ҷумлаи бахшҳое мебошанд, ки дар рафти ҷаласаҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Бонн мавриди баррасӣ қарор мегиранд. 

Октябрь 24, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа