Ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо
Душанбе, 21.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- 20 октябри соли 2014 дар шаҳри Люксембург ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи 4-уми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид.
Зимни ҷаласаи Шӯро ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, фарҳанг ва маориф, татбиқи Стратегияи ИА дар Осиёи Марказӣ ва лоиҳаву барномаҳои ИА дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон масоили минтақавию байналмилалиро муҳокима карданд.
Дар ҷаласа изҳороти муштарак оид ба истиқбол намудан аз қарори Комиссияи Аврупо роҷеъ ба қабул намудани «Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020» дар ҳаҷми 251 млн. евро, ки дар чаҳорчӯби Стратегияи нави ИА барои Осиёи Марказӣ амалӣ хоҳад шуд, ба имзо расид.
Бояд зикр кард, ки дар кори Шӯро ҷониби Иттиҳоди Аврупоро муовини вазири корҳои хориҷии кишвари раисикунандаи ИА (Италия) Бенедетто Делла Ведова раҳбарӣ намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






