Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Хоруғ 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кормандони мақомоти ҳуқуқ масъалаи фаъолияти раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ оид ба ҷилавгирӣ аз истеъмоли маводи мухаддир, хамчунин кори ситодҳои ноҳиявӣ оид ба амалиёти «Кӯкнор-2014»-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар кори ҷаласаи шӯро роҳбарони идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ, муовинони раисони навоҳии вилоят, собиқадорони меҳнат, намояндагони дин ва толибилмон ширкат доштанд. Сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон Муртазо Ҳайдарзода аз афзоиши теъдоди нашъамандон дар минтақа изҳори нигаронӣ карда, зикр намуд, ки зиёд гардидани теъдоди нашъамандон, масоили гирифтани пеши роҳи қочоқчиёни нашъа дар вилоят мушкилоти худро дорад, зеро дар чанд соли охир истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва ин омил ба вазъи ВМКБ низ муассир хоҳад буд.Гуфта шуд, ки шаҳри Хоруғ- маркази маъмурии вилоят бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки тавлидкунандаи асосии маводи нашъаовар дар минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад, дар масофаи зиёда аз 20 км ҳамсарҳад мебошад.Бояд гуфт, ки теъдоди нашъамандон ба 868 нафар расида, аз ҳама бештари муътодон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон сабти ном шудаанд.Раёсат дар давоми 9 моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ 7 адад амалиёт анҷом дода, беш аз 40 килограмм маводи мухаддирро мусодира кард, се адад нуқтаи фурӯши маводи мухаддир дар шаҳри Хоруғ ва як адад дар ноҳияи Шуғнон барҳам дода шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






