Ҷалби занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ

Октябрь 23, 2014 11:51

Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Душанбе” дар нӯҳ моҳи соли равон  дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 60  нафар  ятимдухтар,  ноболиғони  гирифтори хушунат ва зӯровариро ба омӯзиши касбҳои “Қаннод” (20 нафар), “Дӯзанда” (20 нафар)  ва “Асосҳои омӯзиши компютер” (20 нафар) ҷалб намуд.
Бо назардошти дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимии низоми Агентии вазорат  6415 нафар занону духтарони хонашин ба омӯзиши касбҳои «Қолинбоф», “Қуроқдӯз”, “Бофанда”, “Гулдӯз” ва “Сӯзанидӯз” ҷалб гардид.
Дар ин давра Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ташкили корҳои ҷамъиятии музднок диққати ҷиддӣ дода, дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» бо 213 корфармо шартномаи тарафайн баста, 4008 нафар  бекори дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ буда, ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуд, ки нисбат ба пешгӯии барнома 87,1 фоизро ташкил намуд. 
Дар айни замон дар муассисаҳои давлатии таълимии “Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе”, “Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд”, “Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷиргатол”, “Литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом”, “Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳритус” ва “Литсейи касбии техникии ноҳияи Ёвон” барои омӯзиши касби «Қолинбофии дастӣ» таҷҳизот харида, ба омӯзонидани хоҳишмандон  шурӯъ карданд. 

Октябрь 23, 2014 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад