Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нуҳ моҳ

Октябрь 30, 2014 15:42

Душанбе, 30.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-28 октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки раисони бонкҳо, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Бюрои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи амонати шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нӯҳ моҳи соли 2014 ҷаласа баргузор гардид. 
Тибқи иттилои  Хадамоти матбуоти БМТ дар ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов доир ба бурду бохти низоми бонкии кишвар дар давраи ҳисоботӣ ибрози ақида намуд. 
Сипас директори Департаменти сиёсати пулӣ М.Ташрифов ва директори Департаменти назорати бонкӣ Т.Ҳақназаров ба аҳли нишаст оид ба вазъи макроиқтисодӣ-молиявӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нӯҳ моҳи соли равон маълумот доданд. 
Иштирокдорони ҷаласа ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти низоми бонкии кишвар ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа табодули назар намуданд. 

Октябрь 30, 2014 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд