Ҷамъбасти машқхои ҳарбии қӯшунҳои хушкигард
Душанбе, 30.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Машқҳои низомии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа, ки дар гарнизони Суғд мустақаранд, дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар машқгоҳи Нурафшон доир гардида, ҳадафи он сайқал додани тайёрии доимии ҷангии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва истифодаи тамоми лавозимоти ҳарбӣ мебошад.
Машқгоҳи ҳарбии Нурафшон тамрингоҳи навбунёд буда, дар муддати кӯтоҳ бо қувваи ҳайатҳои роҳбарикунандаи қисму воҳидҳои низомии Қӯшунҳои хушкигарди гарнизони Суғд ва масъулини дахлдори ин минтақа омода шуда, барои доир намудани амалиёти гуногуни ҳарбӣ, тирпарронӣ аз техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва сайқал додани маҳорати касбии ҷузъу томҳои пиёданизом мутобиқ гардонида шуд.
Дар машқгоҳ ҷиҳати назорати даври ниҳоии машқҳои ҳарбӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини аввали вазири мудофиа Зариф Шарифзода, намояндагони сохторҳои дигари қудратӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.
Дар машқҳо зиёда аз 600 нафар ҳайати шахсии ротаҳои тактикии пиёданизоми мусаллаҳ бо яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон ҷалб гардида, дар он беш аз 50 адад техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияҳои худгард, навъҳои гуногуни тӯп ва дигар мошинҳои ҳарбиву нақлиётӣ истифода гардид.
Зимни анҷоми машқҳои низомӣ ба иштирокчиёни фаъоли он туҳфаҳои гуногуни хотиравӣ, медалу ифтихорномаҳо ва дигар мукофотҳо тақдим шуданд.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






