Ҷамъоварии ҳосили пахта- 70 фоиз

Октябрь 22, 2014 10:28

Душанбе, 22.102014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ  дар майдони зиёда аз 177,6 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шуд. Дурнамои истеҳсоли пахта  408 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар оғози ҳафтаи равон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 286,4 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 70, 2 фоизи дурнамо мебошад. Зиёда аз 173,3 ҳазор нафар чинакчӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғул мебошад.
     Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат, соли ҷорӣ дар  вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 120,4 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шуд. Дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят 277,6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар вилоят зиёда аз  200  ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 72,1 фоизи дурнамо мебошад. Дар вилоят аввалин шуда кишоварзони ноҳияи Сарбанд иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахтаро 102,5 фоиз таъмин намуданд. Кишоварзони ноҳияҳои ноҳияҳои Қубодиён, Ҷиликул, Н.Хусрав ва Данғара дар вилоят пешсафанд.  
      Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ дар вилояти Суғд дар майдони 51883 гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят 115 ҳазор тонна буда, зиёда аз 78,1 ҳазор  тонна пахта ҷамъоварӣ  шудааст, ки баробари 67,9 фоизи дурнамо мебошад. 
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба миқдори 8303 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 53,9 фоизи дурнамо мебошад.  Ҷамъоварии пахта дар сар то сари ҷумҳурӣ бо суръат идома дорад.

Октябрь 22, 2014 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад