Ҷамъоварии пардохтҳои ғайриандозӣ аз корхонаҳои давлатӣ

Октябрь 24, 2014 10:00

Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ бори аввал ба даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки бастаи саҳмияҳои онҳо пурра ба давлат тааллуқ дорад, ҷамъоварии пардохтҳои ғайриандозӣ ба андозаи 10 фоиз аз фоидаи софи ҳамаи намуди корхонаҳои давлатӣ ва дивидендҳо аз фоидаи софи ҷамъиятҳои саҳомие, ки ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавии онҳо 100 фоизро ташкил медиҳад, ба роҳ монда шуд. 
Мувофиқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодаи дороиҳои давлатӣ фоидаи софи умумии дар соли 2013 бадастовардаи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки бастаҳои саҳмияҳои онҳо пурра ба давлат тааллуқ доранд, 158,5 млн. сомониро ташкил додааст ва аз ин маблағ суди саҳмияҳои давлатӣ дар ҳаҷми 15,8 млн сомонӣ ҷудо карда шудааст. 
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2014 аз ин маблағи умумӣ 10,2 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардидааст, ки аз ин ҳисоб 7,9 млн. сомонӣ ба ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки бастаҳои саҳмияҳои онҳо пурра ба давлат тааллуқ доранд ва 2,3 млн. сомонӣ ба корхонаҳои давлатӣ рост меояд. 

Октябрь 24, 2014 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад