Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамаддуни Шарқ

Октябрь 21, 2014 12:13

Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 600-солагии шоир ва мутафаккири бузурги Шарқ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ зери унвони «Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамаддуни Шарқ» конфронси илмӣ-адабӣ доир гардид.
Ректори донишкада Ашурбой Солиев дар бораи маъруфияти Ҷомӣ ёдрас шуда, афзуд, ки маҳз мутолиаи китоб ин мутафаккири бузургро маъруф кард. Асарҳои безаволи А.Ҷомӣ дар тӯли ин асрҳо дили мардуми дунёро тасхир кардаанд. Таҷлили ҷашни 600-солагии шоири беҳамто ба хотири тоза гаштани ёди таърихӣ ва мукаммал шудани шахсияти ҷавонони мо зарур аст, илова намуд мавсуф.
Устоди кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ Саидамир  Сафаров дар маърӯзаи худ «Назаре ба рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ» ба аҳамияти тарбиявии осори Ҷомӣ такя намуда, зикр кард, ки агар ба гузаштаи рӯзгори инсоният нигоҳ кунем, мебинем, ки саодати шахс ба гавҳари дониш вобаста аст. Устод Ҷомӣ низ тарафдори илми бо амал буда, андешаҳои ахлоқии ӯ чун гавҳар дар ҳама давру замон талабгор доранд. 
 
 

Октябрь 21, 2014 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд