«Ҷомӣ- мутафаккири бузург»-маҳфили адабӣ

Октябрь 28, 2014 15:27

Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар факултаи таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҷашни 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии  адабӣ доир гардид. 
Тавре ки аз ДДХ иттилоъ доданд, дар чорабинӣ маърӯза дар мавзӯи «Абдураҳмони Ҷомӣ-  мутафаккири бузург» аз тарафи донишҷӯи курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Зулфияи Ёдгор шунида шуд, ки дар он аз ҷумла зикр гардид: «Дар таърихи адабиёти тоҷику форс Мавлоно Ҷомӣ аз зумраи адибонест, ки шарҳи ҳол ва лаҳзаҳои умраш на танҳо аз рӯи маълумоти тазкиранигорон муайян  шудааст, балки дар ин хусус таълифоти худи Мавлоно Ҷомӣ ба истифода рафтааст. Шарҳи аҳвол ва осори Мавлоно Ҷомӣ минбаъд аз ҷониби муҳаққиқони тоҷику эронӣ ва олимони хориҷи кишвар низ мавриди баррасӣ қарор ёфт». 
  Инчунин аз тарафи донишҷӯён дар асоси ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ  мушоира доир шуд.
 
 

Октябрь 28, 2014 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд