«Ҷустуҷӯи эҷодӣ»-маҳфили илмӣ
Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар кафедраи молия ва муомилоти пулии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 22 октябри соли ҷорӣ маҳфили илмии навбатии донишҷӯён таҳти унвони «Ҷустуҷӯи эҷодӣ» доир гардид. Мудири кафедраи мазкур Ш.Нуров ҳадафи асосии маҳфилро ба баҳси илмӣ ҷалб намудани донишҷӯён арзёбӣ кард.
Бино ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева,
дар ҳамоиш донишҷӯён дар мавзӯи «Муаммоҳои молиявии рушди устувории иқтисодӣ», «Аҳамияти муомилоти пули ғайринақдӣ дар шароити муносибатҳои молиявӣ» баромад карда, ба суолҳои сершумори ҳозирин посух доданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки бо гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ дигаргун сохтани низоми молиявӣ ва ҳалли муаммоҳои молиявии барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидаткунанда вазифаи аввалиндараҷаи давлат ба шумор меравад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






