524 ярмаркаи ҷойи кор барои корҷӯён

Октябрь 23, 2014 11:05

Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар нӯҳ моҳи соли равон  ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 90268 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 57767 нафари он ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба  40653 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. 
Тавассути татбиқи чорабиниҳои «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар маҷмӯъ 31912 нафар шаҳрванди бекор бо ҷойи кор таъмин гардид. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квота) 2239 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 2903 нафар соҳиби ҷойи кор шуд. 
Дар асоси 213 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилот 4008 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 14527 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуд.
 Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 524 ярмаркаи ҷойҳои кор ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 3693 нафар корҷӯй соҳиби ҷойи кор гардида, ба 3400 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуда, 971 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардид. 
Тибқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» дар миқёси ҷумҳурӣ таъсиси 138378 адад ҷойи кор пешбинӣ шуда, дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 169747 адад ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 47529 адад (28,0%) ҷойи кори доимӣ, 59411 адад (35,0%) ҷойи кори муваққатӣ ва 62807 адад  (37,0%) ҷойи кори мавсимиро ташкил медиҳад. 
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷӣрат ва шуғли аҳолӣ хабар доданд. 
 
 

Октябрь 23, 2014 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд